ҲАР ОИЛА 3000 СОМОНӢ БАРОИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН»
Душанбе, 2 декабря. (АМИТ «Ховар»). — Тавре аз ҳукумати ноҳияи Восеъ иттилоот гирифтем, ҷавобан ба муроҷиати Сарвари давлат оид ба саҳмгузорӣ дар сохтмони иншооти стратегии аср – НОБ – и Роғун меҳнаташони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки музди дурӯзаи меҳнаташонро ба суратҳисоби «Роғун» ирсол намоянд. Нафақахӯрон ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ низ ин иқдомро дастгирӣ кардаанд. Баъди амалӣ шудани ҳама нияту нақшаҳои созандаи Президенти Ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус лоиҳаҳои бузурги роҳи оҳану туннелҳо, роҳҳои автомобилгард дар шароити душвори кӯҳистон, инчунин дар мӯҳлати кӯтоҳ ба фаъолият пардохтани НОБ – и Сангтӯда 1 ва дар ҷараён будани сохтмони даҳҳо иншооти истеҳсолию маъмурӣ, мо меҳнаткашони ноҳияи Восеъ эътимоди комил дорем, ки Роғун ҳам дар фурсати начандон тӯлонӣ мавриди истифода қарор гирифта, рӯзгори моро равшантару сарбаландии моро афзунтар хоҳад гардонид. Ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамеша барои некӯаҳволии халқи оддии меҳнаткаш равона шудааст ва ду — се маротиба арзон шудани нархи орду гандум ва дигар зироати кишоварзӣ маҳз натиҷаи дастурҳои оқилонаашон баҳри истифодаи самарабахши замин, зиёд намудани кишти такрорӣ ва дар як сол гирифтани ҳосили дучанду сечанд мебошад. Мо хеле хуб эҳсос мекунем, ки сол то сол сатҳи зиндагиамон беҳтар шуда истодааст. Танҳо истиқлолияти энергетикӣ метавонад, ифтихору эътибори моро афзун гардонида, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидати амиқ намояд, омадааст, дар муроҷиати меҳнаткашони ноҳияи Восеъ ба аҳли ҷомеаи мамлакат ва кулли тоҷикони башар. Ҳамзамон оилаҳои соҳибимконияти ноҳия азм кардаанд, ки дар оғози соли нави 2010 ҳар кадом ба маблағи 3000 сомонӣ саҳмияҳои НОБ – и Роғунро харидорӣ намоянд. Муташаккилӣ дар ин кори хайру тақдирсоз омили муҳими таҳкими ваҳдату якдигарфаҳмӣ дӯстию рафоқат, ифодаи бебаҳси рӯҳияи қавӣ дар бунёдкорию созандагӣ ва ватандӯстию хирадпешагии мардуми соҳибфарҳангӣ тоҷик аст, таъкид шудааст, дар муроҷиатноаи меҳнаткашони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






