ҲОСИЛИ РЕКОРДИИ ҒАЛЛА

Декабрь 7, 2009 15:06

                   Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли гузашта ба андозаи 110,8 фоиз иҷро гардида, ба 7 млрд. 602 млн. 106 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки соли гузашта ин нишондиҳанда 6 млрд. 377 млн. 502 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд.                    Ҳосили ҷамъовардаи зироати ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 1 млн. 259 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 90 фоизи онро гандум ташкил медиҳад. Дар таърихи ҷумҳурӣ чунин ҳосили зироати ғалладона бори аввал ба даст оварда шуд.                     Гуфтанист, ки ҷамъоварии маълумот оид ба ҳосили ғункардаи ниҳоии ғалла идома дошта, дар назар аст, ки ҳаҷми нишондодашуда боз ҳам зиёдтар шавад. 

Декабрь 7, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд