ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИК ДАР ҶАШНҲОИ СОЛИНАВИИ УКРАИНА
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Бо ташаббус ва пешниҳоди губернатори вилояти Харков Арсен Аваков ҳайати эҷодии ҳунармандони Тоҷикистон бо мақсади иштирок кардан дар чорабиниҳои солинавӣ, ба Украина сафар хоҳанд кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи рақсии «Падида», сароянда Гулчеҳра Қурбонова, бародарон Олимҷон ва Алишер Солиевҳо дар ҳайати ҳунарӣ шомил мебошанд. Муҳтавои баромади идонаи ҳайати ҳунарӣ аз мусиқии эстрадии муосир, фолклор ва аносири ҳунарҳои мардумии тоҷик иборат аст. Губернатори вилояти Харков ҳангоми боздиди расмии хеш аз Ҷумҳурии Точикистон аз ҳунари волои сарояндагон ва раққосон мафтун шуда изҳор карда буд, ки мехоҳад барномаи консертии ҳунармандони тоҷикро дар чорабиниҳои солинавии кишвари хеш бубинад. Айни ҳол санъаткорон барноми бадеӣ-эҷодиро такмил медиҳанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






