ҶАЛАСА ДАР ҲУЗУРИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ

Декабрь 1, 2009 13:40

                 Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 40 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.                Нахуст дар маҷлис ҳисоботи шахсони масъул «Оид ба ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани фаъолияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт» ва «Дар бораи рушди соҳаи геология дар ҷумҳурӣ» шунида шуд.                  Сипас Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2010 – 2012 , Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2010 ва Барномаи бо компютер таъмин кардани муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2013 муҳокима ва тасдиқ гардиданд.                  Инчунин, дар маҷлис баъзе масъалаҳои дигар, аз ҷумла тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 «Дар бораи соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010», омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани машварати 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ моҳи майи соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2010 мавриди баррасии аъзои ҳукумат қарор гирифтанд.                   Лоиҳаи баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағироту илова ба онҳо мақул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.                   Дар фароварди ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба иҷрои баъзе қисматҳои буҷети давлатӣ, рафъи мушкилоти фасли сармо, таъминоти аҳолӣ бо барқу маводи сӯзишворӣ, беҳтар намудани фаъолият дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёти мамлакат ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони дигари дахлдор дастуру супоришҳо дод.  

Декабрь 1, 2009 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд