ҶАЛАСАИ 44 -И ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

Декабрь 5, 2009 10:02

                  Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова) — 11 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ҷаласаи 44 Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад. Дар ин ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон Фаррух Ҳамралиев иштирок хоҳад кард.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш баррасии 12 масъала, аз ҷумла таъсис ва рушди шабакаҳои иттилоотии байнидавлатӣ оид ба интиқоли амвол ва хизматрасонӣ дар бозорҳои миллӣ, дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Барнома оид ба боло бурдани сатҳи зиндагӣ, эътироф кардани имтиёзҳои собиқадорони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар дар давлатҳои Иттиҳод, инчунин дигар масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои ИДМ, ба нақша гирифта шудааст. 

Декабрь 5, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд