ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Декабрь 5, 2009 08:34

                  4 декабри соли 2009 нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони бонкҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаю ширкатҳои бонуфузи истеҳсолию тиҷоратӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони марбут ҷамъомади корӣ доир намуд.                  Дар ҷамъомад масоили вобаста ба вазъи энергетикии мамлакат ва роҳҳои бартараф намудани норасоии нерӯи барқ баррасӣ гардид.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди нерӯгоҳҳои нав, таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва воситањои интиқоли нерӯи барқ, гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва албатта ба анҷом расондани сохтмони нерӯгоњи азими Роғунро аз роњњои асосии бартараф кардани норасоии нерӯи барқ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кулли мансабдорон ва соҳибкорону тоҷирони бонуфузи мамлакат бояд дар харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун пешсаф ва намунаи ибрати дигарон бошанд.                   Оид ба намунаҳои сањмияҳо, роҳҳои ба фурӯш баровардани онҳо ва ҳуқуқи сањмдорон Вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш дод.                    Аз ҷумла зикр гардид, ки сањмияњо бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Ташкилоту муассисаҳо ва касоне, ки бо маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертифати махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин қоғазҳои қиматнок 4 дараҷаи муҳофизат пешбинӣ шудааст, то чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шавад. Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд.                    Чунонки зикр гардид, баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шуданаш саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар мешаванд. ғайр аз ин саҳмдорон ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд. Бори дигар таъкид гардид, ки ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.                       Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сершумор, ки дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, ба харидорӣ аз ин саҳмияҳо изҳори омодагӣ карданд ва таъкид доштанд, ки омодаанд ба хариди сањмияњои нерӯгоҳи Роғун маблағҳои калон равона созанд.

Декабрь 5, 2009 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд