ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ
4 декабри соли 2009 нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони бонкҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаю ширкатҳои бонуфузи истеҳсолию тиҷоратӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони марбут ҷамъомади корӣ доир намуд. Дар ҷамъомад масоили вобаста ба вазъи энергетикии мамлакат ва роҳҳои бартараф намудани норасоии нерӯи барқ баррасӣ гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди нерӯгоҳҳои нав, таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва воситањои интиқоли нерӯи барқ, гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва албатта ба анҷом расондани сохтмони нерӯгоњи азими Роғунро аз роњњои асосии бартараф кардани норасоии нерӯи барқ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кулли мансабдорон ва соҳибкорону тоҷирони бонуфузи мамлакат бояд дар харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун пешсаф ва намунаи ибрати дигарон бошанд. Оид ба намунаҳои сањмияҳо, роҳҳои ба фурӯш баровардани онҳо ва ҳуқуқи сањмдорон Вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки сањмияњо бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Ташкилоту муассисаҳо ва касоне, ки бо маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертифати махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин қоғазҳои қиматнок 4 дараҷаи муҳофизат пешбинӣ шудааст, то чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шавад. Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд. Чунонки зикр гардид, баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шуданаш саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар мешаванд. ғайр аз ин саҳмдорон ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд. Бори дигар таъкид гардид, ки ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сершумор, ки дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, ба харидорӣ аз ин саҳмияҳо изҳори омодагӣ карданд ва таъкид доштанд, ки омодаанд ба хариди сањмияњои нерӯгоҳи Роғун маблағҳои калон равона созанд.








Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






