ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ КИТОБХОНАҲО
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 19 декабр дар вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳои оммавии мамлакат таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» ҷамъбаст карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар даври аввали озмун китобхонаҳои навоҳии Ҷиргатол, Шаҳринав, Тоҷикобод, Рашт, Тавилдара, Нуробод, Файзобод, Рӯдакӣ, Ҳисор, Мӯъминобод, Панҷ, Хуросон, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва Кӯлоб ғолиб дониста шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври дуюми озмун ҷои аввалро Китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби китобхонаҳои ноҳияи Хуросон, деҳаи Навободи ноҳияи Рашт ва ноҳияи Мастчоҳ, ҷои сеюм насиби китобхонаи бачагонаи ВМКБ ва китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ гардид. Озмуни «Чароғи ҳидоят» дар давоми сол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат давом дошт. Зимни ҷамъбасти он фаъолияти китобхонаҳо дар бобати зиёд кардани шумораи хонандагон, ташкили намоишгоҳҳои китоб, шабнишинию мулоқотҳо ва ғайра ба назар гирифта шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






