ҶАШНВОРАИ СУРУДУ МУСИҚИИ БАДАХШОН ДАР МАСКАВ

Декабрь 15, 2009 15:28

                  Маскав, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 13 декабр дар толори консертии Академияи варзиши Русия ба муносибати рӯзи таваллуди Оғохони чорум ҷашнвораи суруду мусиқӣ ва фарҳанги мардуми Бадахшон баргузор гардид. Ҷашнвора бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Нур» ва фонди мероси фарҳангии «Помир» гузаронида шуд. Дар консерт роҳбарони Намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия, Иттифоқи тоҷикистониёни Русия ва дигарон иштирок доштанд.                   Дар консерти идона мутрибон, раққосон ва овозхонони дастаҳои ҳунарии «Чашмаи Носир», «Равшандилони Рӯшон», «Андалебон», «Ғарибон», гурӯҳи бачагонаи ансамбли фарҳангии «Нур», ҳунарпешагон аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатии Бошқирдистону Тотористон, овозхонони маъруф Рустам Саидов ва Нобовар Чиноров ҳунарнамоӣ карданд. 

Декабрь 15, 2009 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд