ҶАШНВОРАИ СУРУДУ МУСИҚИИ БАДАХШОН ДАР МАСКАВ
Маскав, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 13 декабр дар толори консертии Академияи варзиши Русия ба муносибати рӯзи таваллуди Оғохони чорум ҷашнвораи суруду мусиқӣ ва фарҳанги мардуми Бадахшон баргузор гардид. Ҷашнвора бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Нур» ва фонди мероси фарҳангии «Помир» гузаронида шуд. Дар консерт роҳбарони Намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия, Иттифоқи тоҷикистониёни Русия ва дигарон иштирок доштанд. Дар консерти идона мутрибон, раққосон ва овозхонони дастаҳои ҳунарии «Чашмаи Носир», «Равшандилони Рӯшон», «Андалебон», «Ғарибон», гурӯҳи бачагонаи ансамбли фарҳангии «Нур», ҳунарпешагон аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатии Бошқирдистону Тотористон, овозхонони маъруф Рустам Саидов ва Нобовар Чиноров ҳунарнамоӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






