ҶОИЗАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БА РОҲБАРОНИ «ОРИЁНБОНК»

Декабрь 22, 2009 16:20

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Рӯзҳои 11 ва 12 декабри соли равон дар шаҳри Венаи Австрия дар доираи барномаи «Пешқадамони асри ХХ1» маросими супоридани ҷоизаҳои байналхалқӣ ба роҳбарони муассисаҳои беҳтарини молиявӣ баргузор гардид.                      Кумитаи ҷоизаҳои Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо роҳбари раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» — и Тоҷикистон Ҳасан Асадуллозодаро барои қобилияти олии амалӣ сохтани барномаҳои мустаҳкам намудани нерӯи иқтисодии давлат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат дар арсаи байналхалқӣ ба гирифтани ҷоизаи байналхалқии Суқрот дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод пешбарӣ намуд. Раиси Шӯрои мудирони Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» Шермалик Маликов ба гирифтани унвони «Профессори ифтихории Донишгоҳи байналмилалии Вена» пешниҳод карда шуд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷоизаҳои байналхалқӣ 12 декабр дар Қасри Палавичини супорида шуданд.   

Декабрь 22, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд