1700 СОМОНӢ БАРОИ ХОМӮШ НАКАРДАНИ БАРҚ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рўзи 23 октябри соли 2009 нозири калони назорати барқӣ дар минтақаи Истаравшани ноҳияи Зафаробод Тухтамышев Узоқбек Ҷуманазарович, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баръало берун баромада, бо роҳи қаллобию фиреб тасарруф намудани амволи ғайр, аз аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Уяс»-и ноҳияи Истаравшан барои хомӯш накардани барқ 1700 сомонӣ гирифта, онро тасарруф намудааст. Дар шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати Тухтамышев У.Ҷ. аз руйи моддаи 314 қ.1 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд оғоз карда шуда, чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






