1700 СОМОНӢ БАРОИ ХОМӮШ НАКАРДАНИ БАРҚ

Декабрь 17, 2009 11:41

                   Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рўзи 23 октябри соли 2009 нозири калони назорати барқӣ дар минтақаи Истаравшани ноҳияи Зафаробод Тухтамышев Узоқбек Ҷуманазарович, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баръало берун баромада, бо роҳи қаллобию фиреб тасарруф намудани амволи ғайр, аз аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Уяс»-и ноҳияи Истаравшан барои хомӯш накардани барқ 1700 сомонӣ гирифта, онро тасарруф намудааст.                   Дар шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати Тухтамышев У.Ҷ. аз руйи моддаи 314 қ.1 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд оғоз карда шуда, чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст.

Декабрь 17, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд