447 МИЛ.ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

Декабрь 17, 2009 17:03

                  Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат Созишномаи барномаи СММ доир ба расонидани кӯмак барои рушд дар давраи солҳои 2010-2015 ва Нақшаи ҳамкориҳо миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон ва Барномаи Рушди СММ ба тасвиб расид. Барои амалӣ кардани ин барномаҳои СММ ба Тоҷикистон то соли 2015 447 миллион доллари ИМА кӯмак расонида мешавад.                  Тавре ҳамоҳангсози доимии СММ Майкл Ҷонсон изҳор кард, маблағи ин барномаҳо дар чор самт: поин бурдани сатҳи камбизоатӣ ва идораи босамар, амнияти озуқаворӣ, оби тоза, ҳифзи муҳити зист истифода мешаванд.                  «Тадқиқоти охирин барои муайян кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ соли 2007, яъне пеш аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ гузаронида шудааст, бинобар ҳамин мувофиқи пешгӯии мутахассисон Тоҷикистон дар соли 2010 таъсири манфии буҳрони ҷаҳониро эҳсос хоҳад кард.Аммо, солҳои минбаъда вазъият бо тадриҷ беҳтар мешавад», — қайд кард вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев.

Декабрь 17, 2009 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд