6 ЯНВАР РӮЗИ ҲАМРАЪЙИИ ДУШАНБЕГИҲО
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-6 январ Рӯзи ҳамраъйии сокинони пойтахт дар бунёди НБО «Роғун» эълон шуд. Дар ин хусус 24 декабр дар иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм қарор қабул гардид. Тибқи он рӯзи 6- январ аз соати 8 субҳ то 20-шом дар чор ноҳияи пойтахт расми тантанавии оммавии харидории саҳмияҳои НБО «Роғун» ҷараён мегирад. Дар робита дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – Маркази равобити пойтахт, ноҳияи Фирдавсӣ дар бинои Сирки давлатӣ, ноҳияи Шоҳмансур – Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва ноҳияи Сино – Қасри филармонияи давлатӣ нуқтаҳои харидории саҳмияҳои НБО «Роғун» ташкил карда мешаванд. Дар он иштироки ихтиёрии беш аз 30 ҳазор оилаҳои шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, ки ҳар кадоме аз ин оилаҳо ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ин иншооти бузурги барои миллати тоҷик сарнавиштсозро дастрас хоҳанд кард. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе бо ибрати шахсӣ иштирок менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба миқдори 13,2 млн сомонӣ, мутаносибан аз ҳисоби маблағи сарфаи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби муассисаҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришаванда, бинобар гузариш ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф 2 682 500 сомонӣ, сарфаи маблағҳои барои харидории нақлиёти коммуналӣ пешбинишуда 8 317 500 сомонӣ ва фурӯши квартирҳои аз ҷониби соҳибкорон ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе супоридашуда 2 200 000 сомонӣ саҳмияҳои НБО-и “Роғун”-ро харидорӣ менамоянд. Муқаррар гардид, ки шаҳри Душанбе бидуни истифодаи потенсиали корхонаву сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои бунёди НБО-и “Роғун ” то 31 марти соли 2010-ум 125 млн $ , дар маҷмӯъ то охири соли 2010 иловатан боз ба як маоши моҳона харидорӣ намудани саҳмияҳои нерӯгоҳ аз тарафи шаҳрвандони аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли пойтахт 150 млн $ саҳмгузорӣ менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






