6 ЯНВАР РӮЗИ ҲАМРАЪЙИИ ДУШАНБЕГИҲО

Декабрь 25, 2009 11:26

                  Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-6 январ Рӯзи ҳамраъйии сокинони пойтахт дар бунёди НБО «Роғун» эълон шуд. Дар ин хусус 24 декабр дар иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм қарор қабул гардид.                    Тибқи он рӯзи 6- январ аз соати 8 субҳ то 20-шом дар чор ноҳияи пойтахт расми тантанавии оммавии харидории саҳмияҳои НБО «Роғун» ҷараён мегирад. Дар робита дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – Маркази равобити пойтахт, ноҳияи Фирдавсӣ дар бинои Сирки давлатӣ, ноҳияи Шоҳмансур – Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва ноҳияи Сино – Қасри филармонияи давлатӣ нуқтаҳои харидории саҳмияҳои НБО «Роғун» ташкил карда мешаванд. Дар он иштироки ихтиёрии беш аз 30 ҳазор оилаҳои шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, ки ҳар кадоме аз ин оилаҳо ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ин иншооти бузурги барои миллати тоҷик сарнавиштсозро дастрас хоҳанд кард.                  Дар ин чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе бо ибрати шахсӣ иштирок менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба миқдори 13,2 млн сомонӣ, мутаносибан аз ҳисоби маблағи сарфаи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби муассисаҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришаванда, бинобар гузариш ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф 2 682 500 сомонӣ, сарфаи маблағҳои барои харидории нақлиёти коммуналӣ пешбинишуда 8 317 500 сомонӣ ва фурӯши квартирҳои аз ҷониби соҳибкорон ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе супоридашуда 2 200 000 сомонӣ саҳмияҳои НБО-и “Роғун”-ро харидорӣ менамоянд.                     Муқаррар гардид, ки шаҳри Душанбе бидуни истифодаи потенсиали корхонаву сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои бунёди НБО-и “Роғун ” то 31 марти соли 2010-ум 125 млн $ , дар маҷмӯъ то охири соли 2010 иловатан боз ба як маоши моҳона харидорӣ намудани саҳмияҳои нерӯгоҳ аз тарафи шаҳрвандони аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли пойтахт 150 млн $ саҳмгузорӣ менамояд.

Декабрь 25, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар