800 ДОЛЛАР БАРОИ ОМОДА НАМУДАНИ СЕРТИФИКАТ?

Декабрь 15, 2009 10:16

                    Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «И» ба Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ бо ариза муроҷиат намуд, ки санаи 28 сентябри соли 2009 ба корманди Корхонаи фаръии давлатии «Танзими замин»-и шаҳри Душанбе Маҳмадуллоев Ёрбек барои замини наздиҳавлигии хонаи истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати тайёр намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин муроҷиат намудааст. Ё. Маҳмадуллоев бошад, барои тайёр намудани сертификат аз ў 800 доллари ИМА талаб кардааст.                     Баъди гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ рўзи 12 октябри соли 2009 Маҳмадуллоев Ёрбек дар вақти гирифтани пора аз шаҳрванд «И» ба маблағи 750 доллари ИМА дар ҷои ҳодиса дасгир карда шуд.                      Нисбати Ё. Маҳмадуллоев бо аломатҳои моддаҳои 32 ва 324 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Декабрь 15, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд