АМАЛИЁТИ «АРЧА» ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Кормандони мақомоти муҳофизи қонун ва тартиботи ҷумҳурӣ муборизаро ба муқобили ворид сохтани асбобу анҷом ва воситаҳои оташзо ва фурӯши онҳо дар бозорҳои мамлакат давом медиҳанд. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара 28 декабр аз хонаи истиқоматии нафақахӯри 62 – сола Мукаррама Каримова 4204 адад воситаҳои пиротехникӣ ва «хлопушка» — ро мусодира намуданд. Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шӯҳратҷон Очилови 20 – соларо дастгир намуданд, ки мехост дар бозори «Панҷшанбе» 2700 адад «хлопушка» — ро фурӯшад. Дирӯз инчунин дар маркази тиҷоратии «Ҷалол» — и шаҳри Душанбе 21 ҳазору 686 асбобу анҷоми пиротехникӣ, аз ҷумла 20 ҳазору 918 «хлопушка» мусодира карда шуд. Аз рӯи ҳамаи ин воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд ва тафтишоти онҳо давом дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






