АМАЛИЁТИ «АРЧА» ДАВОМ ДОРАД

Декабрь 29, 2009 13:09

                 Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Кормандони мақомоти муҳофизи қонун ва тартиботи ҷумҳурӣ муборизаро ба муқобили ворид сохтани асбобу анҷом ва воситаҳои оташзо ва фурӯши онҳо дар бозорҳои мамлакат давом медиҳанд.                  Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара 28 декабр аз хонаи истиқоматии нафақахӯри 62 – сола Мукаррама Каримова 4204 адад воситаҳои пиротехникӣ ва «хлопушка» — ро мусодира намуданд.                   Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шӯҳратҷон Очилови 20 – соларо дастгир намуданд, ки мехост дар бозори «Панҷшанбе» 2700 адад «хлопушка» — ро фурӯшад.                   Дирӯз инчунин дар маркази тиҷоратии «Ҷалол» — и шаҳри Душанбе 21 ҳазору 686 асбобу анҷоми пиротехникӣ, аз ҷумла 20 ҳазору 918 «хлопушка» мусодира карда шуд.                    Аз рӯи ҳамаи ин воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд ва тафтишоти онҳо давом дорад.

Декабрь 29, 2009 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид