АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ИТТИФОҚИ ТОҶИКИСТОНИЁНИ РУСИЯ

Декабрь 28, 2009 17:20

                 Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар» — стр — орг.ком). — Бо қарори маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи анҷумани Созмони ҷамъиятии умумироссиягии «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» дар шаҳри Перм анҷумани ғайринавбатии фавқулодда (Маҷлиси умумии) «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» баргузор гардид.                   Дар маҷлиси умумӣ эродҳои вазорати адлияи Федератсияи Русия ба фаъолияти созмон аз рӯи натиҷаҳои тафтиши мувофиқи нақша гузаронидашуда муҳокима карда шуданд, ки ба риоя накардани Оиннома ва талаботи моддаҳои 24 ва 29 Қонуни федералӣ аз 19 майи соли 1995 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дахл доштанд.                   Иштирокчиёни анҷуман эродҳои пешниҳодшударо қабул карда, ба Оинномаи созмон тағйирот ворид сохта, барои бартараф сохтани хилофкориҳо ва қонуншиканиҳо комиссия ташкил намуда, ба раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ ба унвони вазорати адлияи Федератсияи Русия мактуб тайёр намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро ба вазорати мазкур фиристад.                  Анҷуман шахсонеро, ки талаботи Оинномаро иҷро накарда, ҳуҷҷатҳои заруриро сари вақт иҷро нанамуда ва қарорҳои Кумитаи иҷроияи созмонро иҷро накардаанд, аз ҳайати Кумитаи иҷроия ва Иттифоқи тоҷикистониёни Русия хориҷ кард.                    Анҷуман аз ҷумлаи аъзои Кумитаи иҷроияи созмон муовинони раиси онро интихоб намуд.                    Одинаев Сайфиддин Ҷурублоевич муовини раиси созмон дар вилояти Перм, Нағзибеков Нағзибек Наврӯзшоевич муовини раиси созмон дар Округи федералии ҷанубӣ, Исҳоқов Темурхӯҷа Амирхӯҷаевич муовини раиси созмон дар Округи федералии Урал, Гулов Пирмаҳмад Самадович муовини раиси созмон дар Округи федералии Сибир интихоб гардидаанд.                    Инчунин барои интихоби муовинони раиси созмон дар округҳои федералии Марказӣ, Шимолу ғарбӣ ва Шарқи Дур номзадҳо пешбарӣ карда шуданд. Онҳо дар маҷлисҳои ҷамъиятҳои минтақавии тоҷикон муҳокима карда хоҳанд шуд.                      Иштирокчиёни анҷуман ҳамаи ҳамдиёрон ва ҷамъиятҳои тоҷиконро даъват намуданд, ки дар атрофи созмони ягонаи федералӣ — Созмони ҷамъиятии умумироссиягии «Иттифоқи Тоҷикистониёни Русия» муттаҳид шаванд.                     Вакилони анҷуман муроҷиати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи зарурати анҷоми сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он якдилона дастгирӣ карданд.                     Ба раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов супориш дода шуд, ки ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи маъқул донистан ва ҷонибдорӣ намудани сиёсати ҳифзи шарафи миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон муроҷиатнома тайёр намояд.

Декабрь 28, 2009 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид