АЗ ПОРСОЛА ДИДА КАМТАР ИСТЕҲСОЛ ШУД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 10 – уми декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 295 ҳазору 880 тонна пахта ҷаъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 51 ҳазору 302 тонна камтар аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳосилнокии пахта нисбат ба соли 2008 аз ҳар га 2, 4 сентнерӣ зиёд гардида, ба 17, 4 сентнерӣ расонида шудааст. Пахтакорони вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ ҷамъоварии пахтаро ба 197 ҳазору 989 тонна расонида, дурнамои ҷамъоварии пахтаро ба 88, 8 фоиз расониданд. Пахтакорони вилояти Суғд бошанд дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта боз ҳам камтар пахта ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин вилоят ҳамагӣ 87 ҳазору 138 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки он 79,8 фоизи нақша мебошад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҳамагӣ ба андозаи 10 ҳазору 688 тонна пахта тайёр карда шудааст, ки он баробари 60,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






