БА ДЕҲҚОНОН 180 МЛН. СОМОНӢ ҚАРЗ ДОДА ШУД
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2009 барои дастгирии молиявӣ, аз ҳисоби депозити буҷаи ҷумҳуриявӣ барои қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 180 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои зикргардида 82,2 млн. сомонӣ барои қарздиҳӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби ширкатҳо 10,4 ва худмаблағгузорӣ 22,0 млн. сомонӣ барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ маблағгузорӣ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ 22 млн. 850 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла барои харидани техникаи кишоварзӣ — 6000,0, барои заҳрхимикатҳо ва мубориза бар зидди касалиҳои чорвою парранда -2300,0, хариди чигити тухмӣ -6000,0, рушди соҳаи занбӯрпарварӣ -300,0, рушди соҳаи қутоспарварӣ -200,0, моҳипарварӣ — 300,0, беҳатар намудани биотехнологияи чорво ва созмон додани бонки нутфаю ҷанин -200,0, рушди зотпарварӣ -200,0, рушди минтақаи чарогоҳои ҷумҳурӣ -300,0 ва сохтмони асосӣ -550 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






