БА ДЕҲҚОНОН 180 МЛН. СОМОНӢ ҚАРЗ ДОДА ШУД

Декабрь 9, 2009 09:20

                    Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2009 барои дастгирии молиявӣ, аз ҳисоби депозити буҷаи ҷумҳуриявӣ барои қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 180 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои зикргардида 82,2 млн. сомонӣ барои қарздиҳӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.                     Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби ширкатҳо 10,4 ва худмаблағгузорӣ 22,0 млн. сомонӣ барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ маблағгузорӣ карда шуд.                      Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ 22 млн. 850 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла барои харидани техникаи кишоварзӣ — 6000,0, барои заҳрхимикатҳо ва мубориза бар зидди касалиҳои чорвою парранда -2300,0, хариди чигити тухмӣ -6000,0, рушди соҳаи занбӯрпарварӣ -300,0, рушди соҳаи қутоспарварӣ -200,0, моҳипарварӣ — 300,0, беҳатар намудани биотехнологияи чорво ва созмон додани бонки нутфаю ҷанин -200,0, рушди зотпарварӣ -200,0, рушди минтақаи чарогоҳои ҷумҳурӣ -300,0 ва сохтмони асосӣ -550 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Декабрь 9, 2009 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд