БАДӢ БАР ИВАЗИ ХУБӢ

Декабрь 10, 2009 12:04

                 Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). 7-уми декабри соли ҷорӣ дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифода бурдани қувваи барқ дар зеристгоҳи барқие, ки ба Раёсати хадамоти гумруки Тоҷикистон хизмат мерасонад, аз расиши кўтоҳи ноқилҳо сўхтор ба амал омад.                  Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Баробари қабули бонги хатар 3 адад автомашинаи оташнишонӣ зуд дар ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Маълум гашт, ки то расидани оташнишонон ба ҷои ҳодиса аз тарафи кормандони гумрук оташ бартараф карда шуд.                   Дар ҳамин ҳол як нафар намояндаи Раёсати хадамоти гумруки Тоҷикистон ба наворбардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов ҳангоми иҷро намудани вазифаи хизматӣ монеъ шуд ва бо суханҳои қабеҳ таҳдиди шикастани дастгоҳашро мекунад ва аз он ҷо меронад. Аммо корманди дафтари матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ мегўяд, ки ному насаби он нафари таҳдидгар барояшон маълум нест. Амали ин шахс, гуфт Т. Ҳаётов ҳамчун шахси мансабдор аз надонистани кодекси одоби хизматчии давлатӣ шаҳодат медиҳад.                    Чунин рафтор кардани корманди як ниҳоди давлатиро нисбати корманди Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ, ки намояндагонаш баҳри кўмак, яъне хомўш намудани оташ шитофтаанд, бузургон намунае аз амали «бадӣ бар ивази хубӣ» гуфтаанд.

Декабрь 10, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд