БАДӢ БАР ИВАЗИ ХУБӢ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). 7-уми декабри соли ҷорӣ дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифода бурдани қувваи барқ дар зеристгоҳи барқие, ки ба Раёсати хадамоти гумруки Тоҷикистон хизмат мерасонад, аз расиши кўтоҳи ноқилҳо сўхтор ба амал омад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Баробари қабули бонги хатар 3 адад автомашинаи оташнишонӣ зуд дар ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Маълум гашт, ки то расидани оташнишонон ба ҷои ҳодиса аз тарафи кормандони гумрук оташ бартараф карда шуд. Дар ҳамин ҳол як нафар намояндаи Раёсати хадамоти гумруки Тоҷикистон ба наворбардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов ҳангоми иҷро намудани вазифаи хизматӣ монеъ шуд ва бо суханҳои қабеҳ таҳдиди шикастани дастгоҳашро мекунад ва аз он ҷо меронад. Аммо корманди дафтари матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ мегўяд, ки ному насаби он нафари таҳдидгар барояшон маълум нест. Амали ин шахс, гуфт Т. Ҳаётов ҳамчун шахси мансабдор аз надонистани кодекси одоби хизматчии давлатӣ шаҳодат медиҳад. Чунин рафтор кардани корманди як ниҳоди давлатиро нисбати корманди Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ, ки намояндагонаш баҳри кўмак, яъне хомўш намудани оташ шитофтаанд, бузургон намунае аз амали «бадӣ бар ивази хубӣ» гуфтаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






