БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ

Декабрь 8, 2009 10:13

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 декабр ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:                  «Дмитрий Анатолиевичи мӯҳтарам, сокинони Тоҷикистон аз хабари фалокати фоҷиабор дар шаҳри Перм андӯҳгин гардиданд, ки бар асари он даҳҳо нафар одамон ҳалоку маҷрӯҳ шудаанд.                 Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз Шумо хоҳишмандем, ҳамдардии моро қабул фармоед ва аз номи мо ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшудаю маҷрӯҳгардида ҳамдардӣ баён кунед». 

Декабрь 8, 2009 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест