БЕНАЗОРАТИИ НОЗИРОНИ РОҲ

Декабрь 14, 2009 16:24

                  Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тибқи иттиллои дафтари матбуоти раёсати бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ аз 7 то 13 декабри соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 25 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 10 нафар ба ҳалокат расида 42 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд.                      Дар шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи «Дамас» Тойбек Шерхонов ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленин аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада пиёдагард Шодимаҳмад Ниёзови 61 соларо зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта дар беморхона бистарӣ мегардад.                     Инчунин дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон як садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес – Бенс» Нурулло Зунаваров ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Данғара – Қурғонтеппа ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Донг — Фенг» бармехӯрад. Дар натиҷа ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Мерседес – Бенс» ба ҳалокат расида ду нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд.  

Декабрь 14, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад