БО КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» семинар ва муаррифии «Равзанаи ягона барои бақайдгирии корхонаҳо дар Тоҷикистон» доир карда шуд. Семинари мазкур дар асоси ҷавоб ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони бонки ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо доир шуд. Иттиҳоди Аврупо ба Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба амалӣ кардани сохтори равзанаи ягона дар Тоҷикистон, ки ба ҷорӣ кардани усулҳои соддаи бақайдгирии корхонаҳои шахсӣ ва ҷалби маблағҳои нав мусоиддат мекунад, кӯмак мерасонад. Дар семинар таъкид шуд, ки равзанаи ягона имкон медиҳад маҳбубияти кишвар барои сармоягузории дохиливу хориҷӣ беҳтар гардад, он ба оғоз ва инкишофи тиҷорати дохилӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бо харҷи камтарини маблағ мусоидат мекунад ва муҳимтараш пеш аз ҳама имконияти ришвахӯриро кам мекунад ва базаи электронии маълумот ва хизматрасонии самаранокро муҳайё месозад. Дар кори семинар муовини якуми раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирӣ дар амалӣ шудани ин усули наву ягонаи бақайдгирии корхонаҳои шахсӣ ва ҳуқуқӣ дар Точикистон ба Иттиҳоди Аврупо изҳори миннатдорӣ намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






