БОЗДИДИ ҶАВОНОН АЗ МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲ
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев бо розигии роҳбарияти нерӯгоҳ аз маҳалли сохтмони он боздид ба амал оварданд. Намояндагони кумита дар арафаи иди Соли нав ба бинокорони нерӯгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ, бештар аз 300 нусха китоб ва асбобу анҷоми варзишӣ тӯҳфа карданд. Илова бар ин барои коргарони нерӯгоҳ консерти идона намоиш дода шуд, ки дар он овозхонону раққосони ҷавон ширкат варзиданд. Намояндагони кумита аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда ба бинокорони нерӯгоҳ сад ҳазор сомонӣ доданд, инчунин ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ 116 ҳазор сомонӣ супорида шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






