БОЗДИДИ ҶАВОНОН АЗ МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲ

Декабрь 24, 2009 14:54

                   Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев бо розигии роҳбарияти нерӯгоҳ аз маҳалли сохтмони он боздид ба амал оварданд. Намояндагони кумита дар арафаи иди Соли нав ба бинокорони нерӯгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ, бештар аз 300 нусха китоб ва асбобу анҷоми варзишӣ тӯҳфа карданд. Илова бар ин барои коргарони нерӯгоҳ консерти идона намоиш дода шуд, ки дар он овозхонону раққосони ҷавон ширкат варзиданд.                     Намояндагони кумита аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда ба бинокорони нерӯгоҳ сад ҳазор сомонӣ доданд, инчунин ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ 116 ҳазор сомонӣ супорида шуд. 

Декабрь 24, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад