БОЗДИДИ ХАБАРНИГОРОНИ ВАТАНИЮ ХОРИҶӢ АЗ ИНШООТИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ташаббуси Шӯрои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳе аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 25 декабр аз маҳали сохтмони Нерӯгоҳи Барқи — Обии «Роғун» боздид намуданд. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ВАО бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, шароити кору истироҳати коргарону мутахассиони ин иншооти бузурги стратегӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, бо роҳбарияти шаҳри Роғун Исматулло Зайдов ва Директори Ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи Барқи- Обии «Роғун» Нурулло Шулашов мулоқот карданд. Зикр шуд,ки корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун», ки ҳамчун иншооти муҳими сарнавиштсоз барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, бовусъат идома дорад. Дар мавриди ба истифода додани НБО «Роғун» Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад. Алҳол дар сохтмони ин иншооти муҳими аср беш аз 7 ҳазор коргарону мутахассисон фаъолият менамоянд, ки маошашон дар як моҳ аз 1600 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар НБО «Роғун» корҳои омодагӣ барои бастани маҷрои дарёи Вахш бо суръат идома дорад. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонию васлгарӣ дар НБО «Роғун» дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шуда, он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






