БОЗДОШТИ МАЙОРИ МИЛИТСИЯ ҲАНГОМИ РИШВАСИТОНӢ
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «К» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон, шўъбаи минтақаи Кӯлоб бо ариза муроҷиат намуд, ки нозири минтақавии ШКД-и шаҳри Кӯлоб Ҳакимов Мирзоалӣ Пиракович, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш Худойқулов Х.Ш. аз ў ба сифати пора 700 доллари ИМА талаб намудааст. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи минтақаи Кӯлоби Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар таърихи 13.10.2009с. тахминан соатҳои 14-30 дақиқа дар ҳуҷраи кориаш нозири минтақавӣ, майори милитсия Ҳакимов М.П. баъди гирифтани 600 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда шуд. Нисбати Ҳакимов М.П. бо аломатҳои моддаҳои 32 қ. 3 ва 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парванда баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






