БОЗДОШТИ СУДЯИ РИШВАСИТОН

Декабрь 15, 2009 10:05

                     Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаҳрванд «С» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон арз намуд, ки дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-и шаҳри Қурғонтеппа хонаи истиқоматиашро ба гарав монда, ба маблағи 40000 доллари ИМА бо 2,5% қарз гирифтааст. Бинобар сабаби дар мӯҳлати муқараркардашуда напардохтани маблағи қарз намояндаи бонк маводҳоро нисбати ў ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон пешниҳод намудааст. Барои дароз намудани мӯҳлати қарзи мазкур судя Бӯриев Толибҷон Эшмуродович аз ў ба сифати пора 500 долари ИМА талаб намуда, гирифтааст. Толибҷон Бӯриев баъди боздошт шудан, 8.10.2009, аввал ба гуноҳи худ иқрор нашуд. Гузаронидани чораҳои фавриву-тафтишотӣ ва кордониву чолокии кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон баъди 2 соати ҷустуҷӯ муайян намуданд, ки баъди гирифтани маблағи 500 доллар, Т. Бӯриев барои ошкор нагардидани ҷинояти содирнамудааш, аз рӯи маслиҳати пешакӣ маблағи мазкурро дар роҳрави бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба котибаш Азимов Фаридун дода, аз ў хоҳиш намудааст, ки маблағҳоро ба хонааш бурда, пагоҳ гирифта биёрад. Котиби суд Азимов Ф.А. бошад, маблағро гирифта аз бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба саҳни ҳавлӣ баромада, барои ба хонаашон бурдан дар байни китоби дарсии дохили сумкаи мактабии додараш буда гузошта, ба хонаашон гусел мекунад.                   Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати судияи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Бӯриев Толибҷон Эшмуродович аз тарафи шўъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо аломатҳои моддаи 319 қ. 4 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.  

Декабрь 15, 2009 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд