БУРДУ БОХТҲОИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 24 декабр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон .ру). — Расо 8 сол пеш баъди ба охир расидани мӯҳлати президентии Бурҳониддин Раббонӣ Ҳамид Карзай президенти Давлати Исломии Афғонистон таъин гардид. Бо қарори конфронси дар Бонн баргузоргардида ҳамон вақт дар ин ҷо таҳти роҳбарии Ҳ.Карзай ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шуд. Афғонистон дар ин муддат ду интихоботи президент, интихоботи Луя Ҷирга (Шӯрои олии пешвоёни қабилаҳо), қабули Қонуни асосии мамлакат, ташкил ва барқарорсозии артиши миллӣ, политсия ва ҷорӣ намудани принсипҳои озодии суханро аз сар гузаронд. Ҳамаи ин аз ҷумлаи дастовардҳои Афғонистон тӯли солҳои гузашта мебошад. Дар баробари ин дар давоми 8 соли ҳокимияти Ҳамид Карзай дар мамлакат вазъияти муташанниҷ боқӣ монда, истеҳсол ва қочоқи маводи нашъадор идома ёфта, ришвахӯрӣ авҷ гирифт ва мардуми мамлакат торафт қашшоқтар гардид. Ёдовар мешавем, ки Ҳамид Карзай моҳи августи соли равон ба мӯҳлати 5 соли дигар президенти Афғонистон интихоб шуд.