БУЗУРГДОШТИ БУЗУРГЗОДА

Декабрь 19, 2009 10:53

                 Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бахшида бо 100-солагии забоншинос ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Лутфулло Бузургзода ҳамоише баргузор гардид, ки дар он ин донишманд аз поягузорони илми забоншиносии тоҷикӣ унвон шуд.                     Ба гуфтаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Миршакар Бобомуродов нахустин китоби граматика ё сарфу наҳви забони тоҷикӣ аз ҷониби Лутфулло Бузургзода таҳия шуда, китобҳои ӯ бо номҳои «Фонетикаи забони адабии тоҷик», «Морфологияи забони тоҷикӣ» ва «Синтаксиси забони адабии тоҷик» солҳои 1940 — 1942 дар нашриёти шаҳри Ленинград чоп шудаанд.                     Гуфтанист, ки Лутфулло Бузургзода дар 34 соли зиндагӣ аз худ беш аз 20 асари гаронбаҳои илмию адабӣ ба мерос гузоштааст. Л. Бузургзодаро як донишманди бисёрҷанба буда, на танҳо дар илми забоншиносӣ, балки дар шевашиносӣ, фолклоршиносӣ, мусиқишиносӣ ва адабиёт низ муваффақ буд ва дар ин бахшҳо низ осоре аз худ ба ёдгор гузоштааст.                     Лутфулло Бузургзода аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ширкат карда, 12 ноябри соли 1943 дар ҷараёни даргириҳо дар вилояти Витебски Белорус ҳалок мегардад. Ҷасади ӯ дар қабристони умумӣ, дар канори 23 сарбози дигари шӯравӣ, дар рустои Слободкои Белорус дафн шудааст.

Декабрь 19, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд