ДАР ҚӮРҒОНТЕППА НАРХИ ГАЗ БАЛАНД ШУД
Қӯрғонтеппа, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа нархи газ баланд шуд. Директори муассисаи «Қӯрғонтеппагаз» Маҳмудҷон Хоркашев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аҳолӣ то имрӯз барои истифодаи як метри мукааб гази табиӣ 49,5 дирам мепардохт. Акнун як метри мукааб газ ба аҳолӣ ба ивази 54 дирам фурӯхта мешавад. М.Хоркашев зикр кард, ки ҳар шабонарӯз ба шаҳри Қӯрғонтеппа аз кони гази «Қизилтумшуқ» — и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 33 то 36 ҳазор метри мукааб газ дода мешавад. Муассиса ба 42 ҳазор сокини шаҳр хизмат мерасонад. Аҳолии Қӯрғонтеппа то имрӯз аз ҳисоби истифодаи газ 2 миллион сомонӣ қарздор аст, гуфт М.Хоркашев.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






