ДАР АРТИШҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ МЕЪЁРҲОИ ЯГОНА ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАНД

Декабрь 23, 2009 10:46

                 Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 23 декабр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони давлатҳои ИДМ кушода шуд. Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи Протокли ворид сохтани тағйироту иловаҳоро ба созишномаи ҳамкорӣ дар таъмини ягонагии меъёрҳо дар қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.                   Созишномаи мазкурро сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи ноябри соли 1995 имзо карда буданд. Дар созишнома ба роҳ андохтани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи низомӣ, истифодаи ҳуҷҷатҳои дахлдори байнидавлатӣ, эътирофи мутақобалаи меъёрҳои миллии ҳарбӣ, натиҷаи санҷишу озмоишҳо барои иҷрои корҳои ҳавосанҷӣ аз тарафи воҳидҳои низомӣ ва ғайра пешбинӣ карда мешавад.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ворид сохтани тағйирот ба созишнома ба мушаххастар сохтани баъзе нуктаҳои он бо назардошти амалӣ сохтани хамкории ҳарбию низомии мамлакатҳои Иттиҳод мусоидат хоҳад кард. 

Декабрь 23, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд