ДАР ДУШАНБЕ 14 НАФАР ГИРИФТОРИ ЗУКОМИ H1N1 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Декабрь 17, 2009 15:32

                  Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар ҷаҳон бемории пандемияи зукоми нави калифорниягӣ H1N1 2009 паҳн гардидааст. Дар Тоҷикистон низ аз моҳи ноябри соли равон якчанд гирифторони бемории пандемияи зукоми нав ба қайд гирифта шудааст.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ то имрӯз 14 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд.                     Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди бақайдгирифташудагон дар хориҷи кишвар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон, Африқо, Италиё, Русия, Чин ва Тоҷикистон ҳастанд.                   Доир ба пешгирӣ ва табобати пандемияи зуком аз ҳисоби маблағҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо 24 маҷмӯи дастгоҳи нафаскашии сунъии мобилӣ, 24 маҷмӯи «Амбу», 4 дастгоҳи эҳёгарии дил, 4 бухории инсенератор (барои сӯзондани ашёҳои яккаратаи тиббӣ), дар маҷмӯъ ба маблағи 574 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот оварда шудааст. Ҳамчунин 20 кати функсионалӣ (эҳёгарӣ) ба маблағи 36 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ гардидааст.                   Чӣ тавре, ки хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ хабар доданд, аллакай ин таҷҳизотҳо ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тақсим гардидаанд.  

Декабрь 17, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд