ДАР СУҒД МАВОДИ МУХАДДИР НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА КАМ МУСОДИРА ШУДААСТ
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2009» аз ҷониби гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии созмондодашуда дар вилояти Суғд 91 ҳодисаи сабзиши банги худрӯй ошкор карда шуда, дар майдони 23,6 гектар қариб 1 миллиону 750 ҳазор бех растании худрӯйи бангдона бо роҳи оташ задан несту нобуд карда шуд. Дар баробари ин, аз гардиши ғайриқонунӣ дар ин давра зиёда аз 368 кг воситаҳои нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 138 кг 078 грамм кам мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Файзулло Абдуллоев зимни баргузории маҷлиси назди раиси вилоят, 7 декабр иттилоъ дод. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нисбат ба камбудиҳои баъзе шаҳру навоҳии вилоят оид ба ин масъала изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки аз ҷумла дар шаҳру навоҳии Мастчоҳ, Ашт, Б.Ғафуров ва шаҳри Конибодом ҷиҳати нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй, ки сол аз сол зиёд шуда истодааст, коргузорӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, раиси вилоят ба масъулини сохторҳои қудратӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






