ДАР ТОҶИКИСТОН 7 БЕМОРИ А/Н1N1 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз дар мамлакат 7 бемори гирифтори гриппи навъи А/Н1N1 ба қайд гирифта шудааст. Яке аз онҳо ба ин беморӣ дар худи Тоҷикистон гирифтор шуд, шахсони дигар ба қарибӣ аз сафари Ҳиндустон, Африқо, Италия, Русия ва Чин баргашта буданд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи беморон дар шифохона табобат карда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Бояд гуфт, ки дар муассисаи давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ барои ошкор намудани бемории мазкур озмоишгоҳи махсус кушода шудааст. Мутахассисони вазорати тандурустӣ бо мақсади пешгирии беморӣ дар корхонаю муассисаҳо, мактабҳо ва дар байни аҳолӣ машғулиятҳои гуногун мегузаронанд. Илова бар ин бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҷҳизоти махсуси тиббӣ харида ба Тоҷикистон фиристода шуд. Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳад, ки бемории зукоми хук фавран ошкор намуда ва беморон сари вақт табобат карда шаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






