ДАР ВОСЕЪ ИСТЕҲСОЛИ НАМАК МЕАФЗОЯД

Декабрь 23, 2009 16:34

                Восеъ, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хоҷа – Муъмин»- и ноҳияи Восеъ, ки ба корхонаи истеҳсоли намак мансубият дорад, истеҳсоли намакро ба 2 300 т расонид. Роҳбари корхона Ҷумъахон Ҳисайнов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки корхона дар як баст фаъолият намуда 3 навъи намакро истеҳсол менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ аз ҳисоби корхона 700 т намаки техникӣ ва 10 т намаки ошӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун хайрия ирсол гардидааст. Ҳисайнов афзуд ки айни ҳол дар корхона 65 нафар коргарон фаъолият дашта бо шароити иҷтимоӣ ва техникӣ таъмин мебошанд. Мавриди зикр аст, ки истеҳсолоти корхона дар бозори «Фаровон»- и давлати Афғонистон, бозори ноҳияҳои Шаҳритус ва Қабодиён ба фуруш бароварда мешавад. Маъмурияти корхона тасмим гирифтааст, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»- ро ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намояд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Диловар»- ноҳия низ ба истеҳсоли намаки оши ва экстра шурӯъ намуда, истеҳсоли намакро ба 1 500 т расонидааст, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад. Роҳбари корхона Нуралӣ Баротов изҳор дошт, ки корхона навтаъсис бошад ҳам, истеҳсол дар корхона мусбӣ мебошад ва афзуд, ки корхона тавонист ба сохмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 500 кг биринҷ ва 500 кг намак ҳамчун хайрия ирсол намояд . Инчунин нақша дорем саҳмияҳои неругоҳи барқи оби «Роғун»-ро ба маблағи 3000 сомонӣ харидорӣ намоем.    

Декабрь 23, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид