ДАРОМАДАН БА ҚАБУЛГОҲИ РАИСОН ОСОН ШУД
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар қабулгоҳи раисони шаҳру ноҳия милитсия сади роҳ намешавад. Президенти кишвар барои бемонеа ба қабулгоҳи раисони шаҳру ноҳия ворид шудани шаҳрвандонро тавассути як амри худ осон кард. Ҳангоми сафари кории навбатии Президент ба вилояти Суғд, ки дар аввалҳои моҳи декабр сурат грифт, Президенти ҷумҳурӣ ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки қабули доимии шаҳрвандонро ба роҳ монанд. Бо ин мақсад, постҳои милитсия, ки то ин вақт дар даромадгоҳи ҳукуматҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия вуҷуд дошт бо фармони вазири умури дохилаи ҷумҳурӣ бардошта шуданд. Акнун ба гуфти вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров, саде, ки раисони ноҳия барои қабули шаҳрвандон гузошта буданд, бекор карда шудааст ва шаҳрвандон ҳамарӯза метавонанд бе мамониат ба қабулгоҳи раисони шаҳру ноҳия ворид шаванд. Бино ба гуфти вазир, вазифаи милитсионерони шӯъбаи посбонӣ танҳо назорати иншоот аст, на назорату рухсатдиҳии шаҳрвандон ба қабулгоҳи раис.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






