ДАСТАИ ДОНИШҶӮЁНИ БИНОКОР БА РОҒУН ФИРИСТОДА МЕШАВАД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қарор доданд, ки 25 фоизи маоши моҳи декабри худро ба маблағи 61 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронанд. Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои сарфакардаи донишгоҳ барои расондани кӯмак ба сохтмони ин иншооти азим 110 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз моҳи январ сар карда, то моҳи сентябри соли 2010 тадриҷан саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи қариб 600 ҳазор сомонӣ мехарад, гуфт роҳбари маркази тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии донишгоҳ Хаёл Бобоев. Вай зикр намуд, ки барои расондани кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳ ва харидани саҳмияҳои он аз маблағи стипендияи донишҷӯён истифода бурда намешавад. Гузоштани саҳм дар сохтмони нерӯгоҳ ихтиёрист. Мо ҳеҷ касро маҷбур нахоҳем кард, ки бо ин мақсад пул диҳад, зикр намуд Х.Бобоев. Вай қайд намуд, ки то давраи таътил дар донишгоҳ дастаи донишҷӯёни бинокор ташкил карда мешавад. Аъзои даста касбу корҳои сохтмонро дар курсҳои кӯтоҳмуддат меомӯзанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






