ДАСТГИРИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР САМТИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН

Декабрь 3, 2009 15:44

                     Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ислоҳоти замин «Боигарӣ барои ҳама» муаррифии маводи иттилоотиву маърифатӣ баҳри кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналхалқӣ ва ташкилотҳои маблағгузор ширкат варзиданд.                     Зикр гардид, ки мақсади асосии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ислоҳоти замин беҳтар кардани сатҳи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии хоҷагиҳои маҳаллӣ ҷиҳати саҳми босамар дар амалӣ намудани ҷараёни ислоҳоти замин, таъмини дастрасии мардуми деҳот ба замин, хизматрасонии машваратӣ ва омӯзонидани онҳо ба идоракунии даромадноки хоҷагӣ мебошад.                       Мавриди зикр аст, ки барнома аз ҷониби ташкилотҳои «Арбитраж», АКТЕД ва «Ҷовид» амалӣ шуда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба ҳаҷми тақрибан 2 миллион евро маблағгузорӣ шудааст.

Декабрь 3, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд