ДАСТГИРИИ «РОҒУН»

Декабрь 22, 2009 17:09

               Суғд, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). —  Сокинони шаҳри Чкаловск муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дастгирии НБО «Роғун» ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамоянд.                 Аз тарафи хонандагону муаллимони литсеи рақами 1-и шаҳр, бо дастгирии шӯъбаи маориф ва кумитаи падарону модарон ҳамчун нишони дастгирӣ ва идомаи сохтмони нерӯгоҳи тақдирсоз маҳфили шеъру тарона баргузор гардид, ки маблағи аз ин тахфил ҷамъшударо ба суратҳисоби Роғун ирсол медоранд.                  Намояндагони соҳа низ ба кӯмаку харидории саҳмияҳо, саҳмгузори сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мебошанд.                   Ширкати «Элегант» бо сарварии Аҳмадҷон Мӯъминов аз аввалинҳо шуда барои дастгирии НБО «Роғун» маблағҳои кӯмак расонданд.                    Тавре сардори шӯъбаи молияи шаҳр К.Одилов ба мо иттилоъ дод, тамоми кормандони муассисаву корхонаҳо маоши якрӯзаи хешро ба суратҳисоби НБО «Роғун» ирсол намуданд.                     Ҳамин гуна, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳли ҷомеа омодагии хешро аз харидории саҳмияҳои Роғун изҳор медоранд.

Декабрь 22, 2009 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд