ДАСТРАСЙ БА ВОСИТА&#1202ОИ МОЛИЯВЙ-МУШКИЛОТИ АСОС&#1250 БАРОИ ХО&#1206АГИ&#1202ОИ ДЕ&#1202&#1178ОНЙ?

Декабрь 16, 2009 15:28

                   Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Душанбе муаррифии гузориши Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) зери унвони «Муҳити бизнес дар Тоҷикистон аз нигоҳи соҳибкории хурду миёна дар соли 2009» баргузор гардид.                     Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки мутобиқи таҳқиқи нави IFC оид ба соҳибкории хурду миёна татбиқи Қонун «Дар бораи санҷиши бозрасй» барои соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон 9,3 миллион доллари ИМА ҳамасола фоида меорад.                    Гузориши «Муҳити бизнес дар Тоҷикистон аз нигоҳи соҳибкории хурду миёна дар соли 2009» ба таҳқиқи 1 ҳазору 500 соҳибкори хурду миёна дар саросари Тоҷикистон асос ёфтааст.                      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов зикр намуд, ки дар моҳи сентябр дар гузориши Бонки ҷаҳонй Тоҷикистон аз ҷумлаи 10 кишвари аз ҳама боло дар самти ислоҳот қарор дошт. Таҳқиқи имрӯзаи IFC пешрафти кишвари моро дар дастгирии бахши хусусй аз тариқи ислоҳот низ тасдиқ менамояд.                    Гуфтанист, ки бо вуҷуди ин, дастрасй ба воситаҳои молиявй яке аз мушкилоти асосӣ барои соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, махсусан хоҷагиҳои деҳқонй (фермерй) боқӣ мемонад. Дар баробари соҳибкорони хурду миёна, ҳамчунин рушди шахсони ҳуқуқӣ ҳам камтар аст. 

Декабрь 16, 2009 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд