ДИПЛОМАТҲОИ ТОҶИК ДАР НЕРӮГОҲ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Декабрь 9, 2009 10:24

                  Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар доданд, кормандони сафорат аҳамияти стратегии сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва аз сохтмони он вобаста будани рушди минбаъдаи иқтисодии мамлакатро ба хубӣ дарк намуда, ҷавобан ба муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ба суратҳисоби НОБ-и Роғун музди меҳнати 3 рӯзаро интиқол диҳанд.Хамчунин кормандони сафорат ба маблағи музди меҳнати 1 моҳаи худ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидорӣ мекунанд.                   Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озорбойҷон низ омодаанд дар сохтмони ин иншооти мухими стратегӣ саҳмгузор бошанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дипломатҳои тоҷик дар Озорбойҷон бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ музди маоши дурӯзаи кори худро ба сохтмони нерӯгоҳ интиқол карданд.   

Декабрь 9, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд