ДОДГОҲИ ҲАКАМИИ НАВ ДАР СУҒД

Декабрь 10, 2009 15:55

                  Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Дар назди Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд нахустин додгоҳи ҳакамии иқтисодӣ таъсис дода шуд.                    Ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз додгоҳҳои иқтисодии давлатӣ бо он фарқ мекунад, ки баҳсу низоъҳои миёни шаҳрвандон, соҳибкорон, ташкилотҳо ва корхонаву муассисаҳоро бо тартиби содда, дар мӯҳлати кӯтоҳ, дар як зина ва муҳимаш, то ҳадди имкон бар нафъи ҳар ду ҷониб ҳал менамояд. Асноди мурофиаи шаҳрвандӣ мӯҳлати баррасии баҳсҳоро дар додгоҳҳои давлатӣ то се моҳ таъин карда бошад, дар додгоҳи ҳакамӣ ин мӯҳлат то ду моҳ муайян шудааст. Додгоҳи мазкур иборат аз панҷ ҳакам фаъолият мебарад ва муроҷиати даъвогарон ба он ихтиёрӣ сурат мегирад. Ҳакам низ барои ҳалли баҳс бо хоҳиши ҷонибҳои даъвогар интихоб шуда, ҳаққи хизмати додгоҳи ҳакамӣ 2 фоизи маблағи ҳаҷми моликияти мавриди баҳс, муқаррар шудааст.                      Мавриди ёдоварист, ки дар вилояти Суғд нахустин додгоҳҳои ҳакамӣ 3 сол қабл дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта буданд.

Декабрь 10, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд