ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН 40 НАФАР МОҲИПАРВАР ОМОДА МЕСОЗАД

Декабрь 17, 2009 11:47

                 Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2015» таҳия гардид.                   Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо дархости Вазорати кишоварзӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ дар бахши рӯзонаи факултаи зооинженерӣ зиёда аз 40 нафар донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифт.                 Донишгоҳ барои корҳои таҷрибаомӯзӣ дар ноҳияи Ҳисор 2 ҳавзи моҳипарвариро бо ташхисгоҳи замонавӣ ба базаи таълимии худ қабул намуд.                 Ин тадбир имкон медиҳад, ки донишҷӯён назарияро дар амалия санҷида, чун мутахассиси соҳибкасб дар кори моҳипарварӣ таҷриба ба даст оранд.  

Декабрь 17, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд