ДУ АГРЕГАТИ НБО «САНГТӮДА – 1» ТАРМИМ МЕШАВАД

Декабрь 8, 2009 10:12

                Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ва маъмурияти нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда – 1» дар масъалаи аз кор боздоштан ва тармим намудани ду агрегати нерӯгоҳ мувофиқа ба даст оварданд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки агрегатҳои нерӯгоҳ бо мақсади муайян намудани нуқсонҳои техникӣ ва сари вақт бартараф сохтани онҳо, инчунин пешгирии вазъияти ғайричашмдошт тармим карда мешаванд.                 Бояд гуфт, ки дар вақташ нерӯгоҳи «Сангтӯда – 1» — ро танҳо комиссияи корӣ қабул карда буд. Акнун онро бояд комиссияи давлатӣ қабул кунад. Ба он роҳбарону мутахассисони салоҳиятдори ташкилоту идораҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистону Русия шомил мегарданд.                 Айни ҳол ду агрегати нерӯгоҳ дар як шабонарӯз 5,5 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол мекунанд. Дар нерӯгоҳ аз аввали сол то 1 ноябр бештар аз 1,3 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст.

Декабрь 8, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд